Вазъи роҳҳои мошингарде, ки ноҳияи Қубодиёнро бо ноҳияи Дӯстӣ ва дигар ноҳияҳои ҳамсоя мепайванданд, аз мушкилоти асосии сокинон ба шумор меравад. Дар ин бора раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, масофаи умумии роҳҳои ноҳия 178,5 километрро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 34,5 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва 144 километр роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки бахусус роҳи мошингарде, ки ноҳияи Қубодиёнро бо ноҳияи Дӯстӣ мепайвандад, дар ҳолати номусоид қарор дошта, ба таъмири асосӣ ниёз дорад.
«Ин мушкилии рақами яки ноҳия мебошад. Барои таъмири асосии роҳ лоиҳаҳо пешниҳод шудаанд. Ҳамзамон, аз ҳисоби буҷети ноҳия то имрӯз беш аз 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст ва рӯзҳои наздик корҳои таъмири ҷории роҳ оғоз мешаванд», – гуфт Сабурзода Мирзодавлат.
Мақомоти ноҳия умедворанд, ки бо ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодшуда, дар ояндаи наздик масъалаи таъмири асосии ин роҳ ҳалли худро пайдо мекунад.

Қубодиён: Харобии роҳҳо мушкилии рақами яки ноҳия
Блоки рекламавӣ


