Тӯфони “Делфин” ба соҳили шарқии Чин расид. Хабаргузории Рейтер иттилоъ медиҳад, ки беш аз 1 миллион нафар ба ҷойи амн таҳвил дода шудаанд.

Ин пуриқтидортарин тӯфони тропикӣ аст, ки имсол ба Чин расид. Он рӯзи якшанбе ба соҳил расид ва боронҳои шадид, шамолҳои сахт ва хатари обхезӣ ва ярчҳоро бо худ овард.

Ба гуфтаи хадамоти метеорологӣ, тӯфон тақрибан соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ дар наздикии шаҳри Юхуан (вилояти Чжэсзян) ба замин баромад. Суръати шамолҳои пойдор дар марказ ба 42 м/с (151 км/соат) расид, ки ба тӯфони категорияи 1 дар миқёси Саффир-Симпсон баробар аст.

Дар шарқи ин кишвар ҳаракати нақлиёт ба таври ҷиддӣ халалдор шудааст. Зиёда аз 1 миллион нафар аз хонаҳои худ кӯчонида шудаанд.

Дар Шанхай, ки дар он ҷо ҳадди аққал 30 300 нафар кӯчонида шудаанд, тақрибан 1500 парвоз лағв карда шудааст.

Дар Вэнчжоу (вилояти Чжэсзян) беш аз 900 000 сокин кӯчонида шудаанд ва беш аз 1 000 паноҳгоҳ кушода шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь