Дар шаҳри Путраҷаяи Малайзия мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия (дар сатҳи муовини вазир) Тан Сри Амран Муҳаммад Зин баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни суҳбат ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои созанда ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба изҳор намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь