Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои беҳтар кардани зиндагии мардуми деҳот ва рушди чорводорӣ ба Тоҷикистон қариб 20 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт медиҳад.
Созишномаи мазкурро 26-уми май вазири молия ва мудири минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон имзо кардаанд. Ба гузориши Вазорати молия, 19,7 миллион доллар барои татбиқи лоиҳаи “Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ ба чорводорӣ” (AMAL) сарф мешавад. Саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар ин тарҳ 2,3 миллион доллар аст.
Ҳадафи асосии лоиҳа рушди чорводорӣ “тавассути беҳтар намудани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ, идоракунии устувори чарогоҳҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим” мебошад.
Дар Вазорати молия гуфтанд, лоиҳа ҳамчунин рушди соҳибкории хурду миёна ва васеъ намудани дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавиро дарбар мегирад. Дар Тоҷикистон, ки ҳудуди 70 дарсади сокинонаш дар деҳот ба сар мебаранд, кишоварзӣ аз бахшҳои муҳими иқтисод ҳисоб меёбад.

Тоҷикистон барои рушди чорводорӣ грант мегирад
Блоки рекламавӣ


