Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар чор моҳи аввали имсол ба таври назаррас боло шуд. Ба иттилои Кумитаи миллии омори Узбекистон, Душанбе ва Тошканд дар моҳҳои январ-апрели имсол дар ҳаҷми 284,3 миллион доллар додугирифт карданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 50,7 дарсад бештар мебошад.
Ба иттилои расмӣ, аз Тоҷикистон ба Узбекистон бештар маъдан, нерӯи барқ, ангишт, алюминий, нахи пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ содир гардидааст. Аз Узбекистон ба Тоҷикистон бошад, гази табиӣ, маҳсулоти нафтӣ, нерӯи барқ, масолеҳи сохтмон, нерӯи барқ, техникаи маишӣ ва маҳсулоти фулузотӣ ворид гардид.
Додугирифти солонаи Душанбеву Тошканд ҳудуди як миллиард долларро ташкил медиҳад. Моҳи март дар ҷараёни сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошканд, мақомоти Тоҷикистону Узбекистон гуфта буданд, ки мехоҳанд, дар чор соли оянда, яъне то соли 2030 додугирифтро ба ду миллиард доллар расонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь