Имрӯз, 1 июн, дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, сомонаи нави кӯдаконаи tasvirnigor.com расман ба фаъолият оғоз намуд.
Ба гуфтаи Фирдавс Насруллозода, директори ҶДММ «Тасвирнигор», таъсиси чунин сомонаи махсус барои кӯдакон аз орзуҳо ва ҳадафҳои деринаи ӯ маҳсуб меёбад.
Дар сомонаи мазкур филмҳои тасвирӣ бо забони тоҷикӣ барои тамошобинони хурдсол дастрас гардонида шудаанд. Ин филмҳо аз ҷониби эҷодкорони ҶДММ «Тасвирнигор», ки дар сохтори МД «Тоҷикфилм» фаъолият мекунанд, таҳия ва истеҳсол гардидаанд.
Фирдавс Насруллозода мегӯяд, ки аксари филмҳои тасвирии офаридаи гурӯҳи онҳо тавассути МД «Тоҷикфилм» ба намоиш гузошта мешаванд.
«Тасвирнигор» ҳамчун бахши эҷодии фаъол дар сохтори «Тоҷикфилм» дар рушди синамои кӯдакона ва аниматсияи миллӣ саҳми назаррас мегузорад.
Айни замон дар сомонаи нав 10 филми тасвирӣ ҷойгир шудаанд, аз ҷумла:
«Алифбо», «Зани порсо», «Саргузашти гандум», «Маликаи барфӣ», «Деви мевахӯр», «Сайёд», «Пайғом», «Ҳамсояҳо» ва «Пиразан ва дев». Ин асарҳо бо забони тоҷикӣ пешниҳод гардида, барои кӯдакон имкони тамошои шавқовар ва омӯзандаро фароҳам месозанд.
Гурӯҳи эҷодӣ ҳамзамон корҳоро дар самти истеҳсоли филмҳои тасвирии таърихӣ, саргузаштӣ ва афсонавӣ барои кӯдакон идома медиҳад.
Ба андешаи масъулон, сомонаи tasvirnigor.com дар роҳи рушди муҳтавои кӯдакона бо забони тоҷикӣ ва тарбияи маънавию фарҳангии насли наврас саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Абдураҳмон Раҳмонов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь