Дар пайи таркиши зарфи газ дар як коргоҳи фурӯши яхмос дар Душанбе, як донишҷӯ ба ҳалокат расид. Ҳодиса 23-юми май дар маҳаллаи Яккатути ноҳияи Фирдавсӣ сурат гирифт.
Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии Душанбе, дар коргоҳи “Мазаи ватанӣ”, ки “ба фурӯши яхмос ва маҳсулоти ширӣ машғул мебошад, бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва зиддисӯхторӣ лӯлаи газӣ оташ гирифта, таркид”.
Дар ин ҳодиса Абубакр Нурови 18-сола, ки дар ин коргоҳ ҳамчун ёрдамчӣ кор мекард, ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид. Ин ҷавон дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе таҳсил мекард.
Мақомот ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Блоки рекламавӣ



