Ниҳодҳои назоратии Иттиҳоди Аврупо эълон кардааст,ки шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграми ширкати Мета барои вайрон кардани қоидаҳои муҳими истифодаи интернет муттаҳам шуданд. Аз ин ду талаб шудааст, барои ҷилавгирӣ аз дастрасии кӯдакони поёнтар аз синни 13 ба ин шабакаҳои иҷтимоӣ, амалҳои бештарро анҷом диҳанд.
Рӯзи 29 апрел шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграми ширкати Мета барои вайрон кардани корбарӣ аз интернет дар Иттиҳоди Аврупо айбдор шуданд.
Чунин натиҷагирии муқаддамотӣ дар асоси Қонуни хидматрасонии рақамӣ пас аз таҳқиқоти дусолаи Комиссияи Аврупо ба даст омадааст.
Ширкати Мета, ки аз ин хулосаҳои пешакӣ изҳори норозигӣ кард, метавонад ба он посух диҳад ва пеш аз қабули қарори охирини Комиссияи Аврупо чора андешад. Дар сурати риоя накардани Қонуни истифода аз интернет ширкатҳо бояд дар ҳаҷми шаш дарсад аз даромади солонаашон дар кишварҳои Аврупо ҷарима супоранд.
Ин иқдоми Иттиҳоди Аврупо дар пасманзари нигарониҳои афзояндаи ҷаҳонӣ дар бораи таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба кӯдакон сурат гирифт. Ширкатҳои бузурги технологиро водор мекунанд, то фаъолтар бошанд ва чораҳои муассиртар андешанд.
Ширкати Мета мегӯяд, чораҳоро барои муайян ва бастани саҳифаҳои кӯдакони то 13-сола андешидааст ва ҳафтаи оянда тадбирҳои иловагиро эълон хоҳад кард. Комиссияи Аврупо гуфт, ки шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграм бояд шеваи арзёбии хатарҳои худро тағйир диҳанд. Агар ниҳодҳои танзимкунанда эҳсос кунанд, ки то ҳанӯз барои иҷрои талаби онҳо иқдоми кофие сурат нагирифтааст, метавонанд ширкатро ҷарима банданд.
Бархе қонунгузорон дар Иттиҳоди Аврупо қаблан хостори он шуданд, ки ба хотири ҳимояти ҳолати равонии ноболиғон, дастрасии шабакаҳои иҷтимоӣ барои онҳо маҳдуд шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь