Шерзод Ҳасанзода мансабдори баландпояи вилояти Суғд, ки ба қаллобӣ ва тасарруфи пули давлат муттаҳам мешуд, пас аз ҷуброни зиён ва пардохти ҷарима аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод гардид. Вай ба ҳайси раиси намояндагии Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд моҳи феврал бо иттиҳоми “қаллобӣ”, “баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ” ва “тасарруфи пулу мол” боздошт гардида буд., Дар асоси ҳукми додгоҳ, Шерзод Ҳасанзода бештар аз 140 ҳазор сомонӣ ҷарима бояд пардозад. Ӯро ҳамчунин аз ҳаққи ишғоли ягон мақоми раҳбарӣ барои 5 сол маҳрум кардаанд.
Шерзод Ҳасанзода як сол пеш сардори раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд таъйин шуда буд.
Блоки рекламавӣ



