Дар натиҷаи таркиш дар қатора, дар ҷанубу ғарби Покистон 24 май беш аз 30 нафар кушта шуданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба мансабдорони вилояти Балуҷистон хабар додаанд.
Дар рӯзи ҳамла 24 нафар кушта шуданд, пас аз он ки маргталаб мошини пур аз маводи таркандаро ба қатораи наздишаҳрӣ, ки сарбозони покистонӣ ва аъзои оилаҳои онҳоро дар шаҳри Кветта, пойтахти вилояти Белуҷистон интиқол медод, равон кард.
Вазорати роҳи оҳани Покистон хабар дод, ки дар натиҷаи таркиш локомотив ва се вагон аз роҳ баромаданд, ду вагони дигар чаппа шуданд. Дар аксҳои ҷои ҳодиса мошинҳои сӯхта, вагонҳои чаппашуда, биноҳои истиқоматии осебдида, металлҳои нобудшуда дида мешаванд.Масъулияти ҳамларо “Артиши озодии Балуҷистон” (БОА) ба ӯҳда гирифт. Ин гурӯҳи ҷудоихоҳ даҳсолаҳо боз бо мақомот мубориза мебарад, ки ба истифодаи захираҳои бой аз маъданҳои фоиданоки вилоят эътироз мекунад ва изҳор медорад, ки аҳолии маҳаллӣ ҳиссаи худро ба даст намеоранд.
Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ин ҳамларо маҳкум карда, изҳор дошт, ки ҳукумат ҳанӯз ҳам тасмим дорад, ки терроризмро дар саросари кишвар решакан кунад: “Чунин амалҳои террористӣ азми мардуми Покистонро суст карда наметавонанд”, — таъкид кард Шариф.
Моҳи марти соли гузашта ҷангиёни БОА қатораи Jaffar Express-ро, ки байни Кветта ва Пешовар ҳаракат мекард, забт карданд ва садҳо нафарро гаравгон гирифтанд. Амалиёти низомӣ барои озод кардани онҳо тамоми рӯз идома ефт. Дар натиҷа 21 гаравгон, чор сарбоз ва ҳамаи 33 ҷангиён кушта шуданд.

Шумораи қурбониён дар Покистон аз 30 нафар зиёд шуд
Блоки рекламавӣ


