Бар асари омадани сел дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду наврас ҳалок шуданд., Се нафари дигар бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ гардидаанд.
Фоҷиа рӯзи сеюми июн дар деҳаи Шаҳрибарбари ин ноҳия замоне рух дод, ки наврасон ба чаронидани чорво машғул буданд.
Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфт, ки ҳалокшудагон Шамил Ҳошимзодаи 9-сола ва Салмон Ғафурзодаи 11-сола будаанд:
“Мардум наврасонро аз сел бароварда, ба шифохона бурданд. Ду нафар ҳалок шуда, се нафари дигар бо осебҳои сахт дар бемористон ҳастанд,”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь