Дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти прокуратура ба 39 қарори раиси ноҳияи Шаҳритус эътироз ворид кардааст. Дар ин бора раиси ноҳияи Шаҳритус Абдуллозода Тағой  зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, қарорҳои мавриди эътироз ба самтҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои замин, амрҳои маъмурӣ ва дигар масъалаҳо дахл доранд. Пас аз баррасии эътирозҳои прокуратура, қисми зиёди қарорҳо ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудаанд.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои риояи талаботи қонунгузорӣ ва пешгирии қабули қарорҳои дорои камбудиҳои ҳуқуқӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, ҳамкориро бо мақомоти назоратӣ тақвият медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь