Тибқи иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб, ду нафар аз ҳалокшудагон Абумуслим Давлатови 44-сола ва Набиамон Фозилови 58-сола, зери девор монда, ҷонашонро аз даст доданд. Як фавтидаи дигар Мирзо Мулониёзови 45-сола, аз задани барқ ҳалок шуд.
Мақомот мегӯянд, панҷ нафар, ки дар бемористон бистарӣ ҳастанд, аз 14 то 42-сол доранд.
Тибқи иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб, дар пайи боридани борони сахт, сел ба 850 манзили зист даромадааст. Ин хонаҳо дар маҳаллаҳои Хати роҳ, Қурбон Зардаков, Нонбойи поён, Суғдиён, Заринкуҳ, Абдураҳмони Ҷомӣ, 20-солагии Истиқлолият, Саросиёб, Мадином Ибронов, Панҷосиёб ва Файзободи болои шаҳри Кӯлоб ҷойгир ҳастанд.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон дар хабарномае навишт, раиси вилоят Давлаталӣ Саид шаби 2-юми май ба минтақаҳои селзадаи шаҳри Кӯлоб рафт.

Сел дар Кӯлоб: Се нафар ҳалок шуданд, панҷ кас дар беморхона
Блоки рекламавӣ


