Мутахассиси 49-солаи македонӣ Игор Ангеловский сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин шуд. Ӯ дастаро барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, омода мекунад.
Қаблан Игор Ангеловский дастаи мунтахаби Македонияи Шимолиро роҳбарӣ карда, онро соли 2020 бори аввал ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Аврупо баровардааст.
Дар сатҳи бошгоҳӣ Игор Ангеловский бо «Работнички» дар мавсими 2013/14 чемпиони Македонияи Шимолӣ гашта, ду маротиба Ҷоми кишварро (2013/14 ва 2014/15) ба даст овардааст.
Игор Ангеловский дар дастаҳои «Горитса» (Хорватия), «Каспий» (Қазоқистон) ва «Этникос Ахнас» (Кипр) кор кардааст.
Блоки рекламавӣ



