Ҳукумати Русия мӯҳлати муваққатии дар қаламрави ин кишвар истодани ронандагони касбии машғули кор дар интиқолҳои байналмилалиро аз 90 ба 180 рӯз тамдид кард.Қарор рӯзи 30 июн ба иҷро медарояд.
Ин қарор ба шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, шаҳрвандони Гурҷистон рабт дорад, ки ба хоки Русия бевиза ворид шуда, дар соҳаи интиқолҳои байналмилалӣ кор мекунанд. Қоидаҳои нав ба ронандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дахл дорад.
Ронандагон ҳақ доранд дар хоки Русия дар давоми як сол то 180 рӯз қарор дошта бошанд. Барои ворид шудан ва як муддат дар хоки Русия истодани онҳо бояд ариза дода шавад.
Блоки рекламавӣ



