Беш аз нисфи тамоми амволи ба хориҷиён фурӯхташударо дар 1,5 соли охир русҳо харидаанд. Шаҳрвандони Федератсияи Русия дар соли 2025 ва семоҳаи аввали соли 2026 дар Қирғизистон 1238 иншооти ғайриманқул харидорӣ кардаанд. Ин беш аз 51% – и тамоми амалиёти хориҷиёнро дар ин давра ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти расмии агентии давлатии бақайдгирии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул (Госкадастр), ки онро вакили Жогорку Кенеш Достон Бекешев нашр кардааст, дар тӯли 1,5 сол шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ 2408 амалиёти хариду фурӯши амволи ғайриманқулро ба расмият даровардаанд. Руихати панҷ кишвари пешсаф, ки аз рӯи шумораи объектҳои харидашуда чунин аст: Русия 1238 созишнома, Қазоқистон-424, Чин — 311, Туркия – 145, Олмон 56 созишнома. Ҳамин тариқ, русҳо пешсафанд, ҳатто аз шаҳрвандони Қазоқистон қариб се маротиба пештаранд.Вакил Достон Бекешев, ки мунтазам мавзӯи ҳузури хориҷиро дар бозори амволи ғайриманқул матраҳ мекунад, қаблан борҳо пешниҳод карда буд то шартҳои хариди манзил аз ҷониби ғайрирезидентҳо, аз ҷумла андозҳои зиёд барои хориҷиенро сахттар кунанд.
Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти расмии Агентии Давлатии Қирғизистон оид ба захираҳои замин, дар кишвар зиёда аз 3,5 миллион объекти ғайриманқул ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора ҳамагӣ 20 ҳазор нафар барои хориҷиён ба расмият дароварда шудаанд. Тибқи қонунгузорӣ, хориҷиен метавонанд амволи ғайриманқул харанд, аммо қитъаҳои замин танҳо ба иҷора гирифта мешавад.

Русҳо дар Қирғизистон ҷойгузин мешаванд?
Блоки рекламавӣ


