Владимир Путин, президенти Русия ба Чин сафар мекунад. Путин дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи худ ба Пекин, бо Си Ҷинпин, президенти Чин дар бораи сафари ахири Доналд Трамп, президенти Амрико ба ин кишвар, гуфтугӯ мекунад.
Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия рӯзи 15 май ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҷузъиёти сафари Путин ба Чин, ки ба гуфтаи ӯ бисёр ба зудӣ анҷом хоҳад шуд, ниҳоӣ шудааст ва таърхи дақиқи он ба зудӣ эълон мешавад. Президентҳои Русия ва Чин дар баробари масоили дуҷониба ва тиҷорат миёни ду кишвар, дар бораи масъалаҳои байналмилалӣ низ гуфтугӯ хоҳанд кард.
Блоки рекламавӣ



