11-уми август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модар ва бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро мавриди истифода қарор дод.

Гулгашт бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор барои истироҳату фароғати сокинон бунёд гардида, ба яке аз мавзеъҳои зебову дилнишини маҳалла табдил ёфтааст. Дар маркази он муҷассамаи модар қомат афрохтааст.

Бино ҲХДТ бо назардошти талаботи нақшаи генералии шаҳри Ҳисор ва бо мақсади мутобиқ намудани намои он ба муҳити меъмории мавҷуда дар шакли классикӣ тарҳрезӣ шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь