30-юми майи соли 2026, тахминан соати 22:00 шаҳрванд Ашураҳмад Аъзамҷон соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Деваштич дар заминаи хусумату бадбинӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани шаҳрванд Раҷабов Охунҷон Наврӯзович соли таваллудаш 1961, ки ба ҳайси раиси маҳалла дар деҳаи Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи мазкур фаъолият мекард, дар назди оромгоҳи деҳа ба дохили автомашинаи тамғаи «Муссо», ки ба номбурда тааллуқ дорад, савор шуда, бо корди бо худ доштааш ду маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими Раҷабов Охунҷон зарба задааст, ки дар натиҷа аз ҷароҳатҳои бардоштааш Раҷабов Охунҷон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.
Ашураҳмад Аъзамҷон баъди содир кардани ҷиноят бо мақсади фирор аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷойи ҳодисаро тарк кард. Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ӯро дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон боздошт намуданд.
Аз рӯйи нишондоди гумонбаршуда, марҳум Раҷабов Охунҷон дар деҳа нисбати ӯ ва ҳамсараш беасос овозаҳои бадномкунанда паҳн кардааст. Ин сабаб шудааст, ки Ашураҳмад Аъзамҷон ба ин ҷинояти махсусан вазин даст занад.
Оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дастгиршуда ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
sugd_police

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь