“ИМА ва Исроил барои оғози дубораи ҷанги зидди Эрон дар ҳафтаи оянда омода мешаванд” – навиштааст рӯзномаи The New York Times (NYT) бо такя ба манбаъҳояш.
Ба навиштаи рӯзнома, ёварони наздики президенти ИМА Доналд Трамп нақшаи зарбаҳои навро ба Эрон барои он эҳтимолан таҳия кардаанд, ки агар Вашингтон тасмим гирад, тавассути шиддат бахшидани зиддият аз бунбасти мавҷуда дар низоъ бо Эрон берун шавад.
Миёни эҳтимолҳои баррасишаванда – бомбаборони зерсохтор ва иншооти низомии Эрон, амалиёти заминии эҳтимолӣ бо иштироки неруҳои махсус барои ёфтани захираҳои урани ғанишуда дар иншооти ҳастаии зеризаминӣ мебошанд. Барои чунин амалиёт, ба навиштаи NYT, ҳазор низомӣ зарур аст.
Рӯзнома навиштааст чандсад неруи низомии таъйиноти махсуси ИМА ҳанӯз моҳи март ба Ховари Миёна интиқол дода шуда буд. Дар минтақа бештар аз 50 ҳазор низомии амрикоӣ, ду киштии ҳавопаймобар, як новшикан ва даҳҳо ҳавопаймои ҷангӣ ҳастанд.
Худи Трамп ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст, аммо баъди баргаштан аз Чин вай дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, пешниҳоди ахири Эрон дар мавриди ҳалли низоъ ӯро қонеъ намекунад.
“Ё онҳо созиш мекунанд, ё тору мор мешаванд”, – гуфтааст президенти ИМА.
Дар Теҳрон гуфтанд, омодаанд “ба ҳар гуна хушунат посух диҳанд”. Раиси порлумони Эрон Муҳаммад Қолибоф навишт, Эрон “ба ҳама гуна вариантҳо омода аст”.
Ба иттилои NYT, ҳоло миёнаравҳо талош доранд, созише ба даст оранд, ки имкони бозкушоии тангаи Ҳурмузро фароҳам орад.

NYT: ИМА ва Исроил ба ҷанги дубора бо Эрон тайёр мешаванд
Блоки рекламавӣ


