Зеленский дар номаи кушодаш ба Путин пешниҳод кардааст, ки дар кишвари сеюм мулоқот кунанд. Вай гуфтааст, ки санаи дақиқи вохӯриро муайян кунанд.
Путин изҳор доштааст, ки ваколати Зеленский ҳамчун президент ду сол пеш ба охир расидааст ва Русия танҳо бо намояндагони қонунӣ ҳуҷҷатҳоро бо Украина имзо мекунад.
Владимир Зеленский дар сайти худ номае нашр кардааст, ки дар он ба президенти Руссия Владимир Путин гуфтааст то дар кишвари сеюм мулоқот намоянд:
“Ман ба шумо вохӯрӣ пешниҳод менамоям … ман пешниҳод мекунам, ки санаи дақиқи вохӯриро муайян кунем”, – гуфта мешавад дар матни нома.
Зеленский Швейтсария, Туркия ва кишварҳои ҷаҳони арабро барои мулоқот пешниҳод намудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь