Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як моҳ 93,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин муддат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд. Иҷрои нақшаи даъват дар ҳудуди вилояти Суғд ба 87,4 фоиз баробар аст. 11 шаҳру ноҳияи вилоят нақшаи даъватро пурра иҷро намудаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 85,7 фоиз иҷро шуд.
Блоки рекламавӣ



