Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зафарбек аз ҳолати фаъолияти пойгоҳи обкашии №17 боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид масъулини соҳа оид ба вазъи техникии пойгоҳи обкашӣ, таъмини муттасили оби полезӣ ба заминҳои кишоварзӣ, омодагии таҷҳизот ба мавсими обёрӣ ва тадбирҳои андешидашуда барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Қайд гардид, ки фаъолияти мунтазами пойгоҳи мазкур дар таъмини заминҳои кишоварзии ноҳия бо оби полезӣ нақши муҳим дошта, барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровон мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ҷиҳати нигоҳдории дурусти таҷҳизот, баланд бардоштани самаранокии кори пойгоҳ ва истифодаи оқилонаи об ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Меҳмонон инчунин аз ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва омодагии техникии таҷҳизоти обкашӣ шинос шуда, барои сари вақт анҷом додани корҳои мавсимӣ, пешгирии талафоти об ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба кишоварзон таъкид намуданд.
Таъкид карда шуд, ки бо дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи мелиоратсия ва беҳдошти замин тадбирҳои муассир амалӣ гардида, ҷиҳати таъмини устувори соҳаи кишоварзӣ корҳои созандагӣ мунтазам идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь