Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамарӯза зимни адои хизмат шумораи зиёди қоидавайронкуниҳоро ошкор менамояд.
Аз ҷумла, давоми чанд рӯзи охир 8 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ба қайд гирифта шуд.
Зимни ташхиси тиббӣ муайян гардид, ки шаҳрвандон:
Шарипов Руҳулло — ронандаи нақлиёти тамғаи «Мерседес», рақами давлатиаш 7707AN07;
Бадаршинова Шаҳноза — ронандаи нақлиёти тамғаи «Тойота», рақами давлатиаш М695ЕТ186;
Миров Аҳтам — ронандаи нақлиёти тамғаи «BYD», рақами давлатиаш 7131ТТ09;
Яқубов Дурандеш — ронандаи нақлиётм тамғаи «AION», рақами давлатиаш 0597АС10;
Искандаров Иззатулло — ронандаи нақлиёти тамғаи «Тойота», рақами давлатиаш 5100ЕЕ03;
Раҷабалиев Умед — ронандаи нақлиёти тамғаи «Мерседес», рақами давлатиаш 2036RJ01;
Бобиев Комил — ронандаи нақлиёти тамғаи «Хончи», рақами давлатиаш 3754RR01;
Салими Исмонқул — ронандаи нақлиёти тамғаи «Фолксваген», рақами давлатиаш 8494ЕМ01, дар ҳолати мастӣ қарор доштанд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати ронандагон тибқи талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёти онҳо ба ҷаримагоҳи муваққатӣ интиқол дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь