Маориф 48 дарсад мегӯяд, назорати соҳа — 26,4 дарсад

Дар шаҳри Левакант сатҳи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба мавзӯи баҳси оморӣ табдил ёфтааст. Зеро миёни маълумоти пешниҳоднамудаи бахши маорифи шаҳр ва Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи минтақаи Бохтар тафовути назаррас ба назар мерасад.
Тибқи маълумоти бахши маорифи шаҳри Левакант, имрӯз фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 48 дарсадро ташкил медиҳад. Ин рақам дар нишасти матбуотии раиси шаҳр низ аз ҷониби масъулони соҳа ироа гардид.
Аммо Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи минтақаи Бохтар омори дигар пешниҳод мекунад. Тибқи маълумоти ин ниҳод, дар шаҳр ҳамагӣ 4 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 675 кӯдак ва 17 маркази рушди кӯдак бо фарогирии 889 кӯдак фаъолият дошта, дар маҷмӯъ 1 ҳазору 564 кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
Бо дарназардошти он ки дар шаҳри Левакант 5 ҳазору 926 кӯдаки синни аз 3 то 6-сола ба қайд гирифта шудааст, сатҳи фарогирӣ тибқи ҳисоби Хадамоти назорат 26,4 дарсадро ташкил медиҳад.
Саволе ба миён меояд: кадом омор ба воқеият наздиктар аст — 48 дарсаде, ки бахши маорифи шаҳр пешниҳод кардааст, ё 26,4 дарсаде, ки Хадамоти назорат эълон намудааст?
Фарқияти беш аз 20 дарсадӣ дар омори фарогирии кӯдакон зарурати дақиқ кардани маълумот ва пешниҳоди шарҳи расмии масъулони соҳаро ба миён меорад. Зеро дастрасии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь