Дар шаҳри Кӯлоб маросими супоридани хок аз қабри фармондеҳи бригадаи Артиши Сурх Николай Томин ба ҳайати Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Бо қарори Шурои иҷроияи шаҳри Кӯлоб ҷасади Томин дар шаҳри Кӯлоб дафн гардида, дар макони дафн навиштаҷот бо исми қаҳрамон ва санаи таваллуду вафот насб карда шудааст.
Нимпайкараи фармондеҳи бригадаи Артиши Сурх Николай Томин соли 2022 дар боғи Ғалабаи шаҳри Кӯлоб гузошта шудааст.
Ин маросим барои гиромидошти хотираи неки фармондеҳи бригадаи Артиши Сурх Николай Томин баргузор гардида, иштирокдорон иброз намуданд, ки он намунаи дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад.
Қуттии хок аз қабри фармондеҳро хизматчиёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини раиси маъмурияти шаҳри Куртамиши вилояти Курган, зодгоҳи фармондеҳ супориданд.
Дар маросим иброз гардид, ки дар вилояти Кургани Федератсияи Русия, дар зодгоҳи Николай Томин хона-музейи ӯ мавҷуд буда, ин барои бошандагони шаҳри Куртамиши вилояти Курган боиси ифтихор ва намунаи мардонагӣ мебошад. Бинобар ин, ба хотири пос доштани хотираи нек хоки аз қабри фармондеҳи бригадаи Артиши Сурх Николай Томин гирифташударо дар хона-музейи ӯ ҷойгир мекунанд.
Николай Томин 4 декабри соли 1886 дар деҳаи Кочердики шаҳри Челябинск, губернияи Оренбург (ҳоло деҳаи Қазоқ-Кочердики вилояти Курган) таваллуд шудааст. Ӯ бо ду ордени Байрақи сурх ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардонида шудааст.
Қисми ҷудонашавандаи роҳбарии Томин иштироки мустақими ӯ дар ҷанг буд. Давоми ҳамагӣ 15 рӯз Томин дар 27 ҳамла бар зидди гурӯҳҳои босмачӣ иштирок кард. Ӯ дар яке аз задухӯрдҳо маҷруҳ шуда, дар беморхонаи Кӯлоб табобат гирифт.
Дар ҷанге бо босмачиён аз дастаи Аланазар-Қурбошӣ, ки дар наздикии деҳаи Қарағоч дар бекии Кӯлоб (ҳоло деҳаи Хоҷа-Муъмин дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон) рух дод, фармондеҳи бригада маҷруҳ шуд ва 12 августи соли 1924 вафот кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь