Дар нимсолаи аввали соли 2026 аз корхонаҳои сементбарории ноҳияи Ёвон ба хориҷи кишвар 44 ҳазору 912 тонна семент содирот шудааст. Дар ин бора раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» 12 ҳазору 612 тонна ва аз ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент» 32 ҳазору 300 тонна семент ба хориҷи мамлакат содир гардидааст. Ҳаҷми умумии содирот 44 ҳазору 912 тоннаро ташкил дода, арзиши он 29 миллиону 652 ҳазору 400 сомонӣ мебошад.
Раиси ноҳия ҳамчунин гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳия ба маблағи 934 миллиону 369 ҳазору 700 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 85 миллиону 601 ҳазору 600 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 110,1 фоизро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки дар ин давра дар ноҳия 5 коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Абубакр пластик» бо таъсиси 3 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли хишти сементии ҶДММ «Билол сохтмон» бо 3 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли бетони сохтмонии ҶДММ «Шукрона» бо 5 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли ширеши тахтасанги ҶДММ «Эксперт саноат» бо 2 ҷойи корӣ ва коргоҳи истеҳсоли бетони сохтмонии ҶДММ «Хуршеди Асадулло» бо 5 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Дар маҷмӯъ, рушди истеҳсолоти саноатӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот аз нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии ноҳияи Ёвон дар нимсолаи аввали соли 2026 ба ҳисоб меравад.



