Имрӯз дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе зимни маросими ифтитоҳи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки кишвари мо тавассути ташаббусҳо дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша дастгирӣ ёфтанд, пайваста талош меварзад. Ҷавҳари ин талошҳои мо аз масъалаҳои баланд бардоштани мақому манзалати об — сарвати бебаҳои ҳаёт иборат аст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳамоно ҷонибдори бархурди мутавозин, фарогир ва ба самараи амалӣ нигаронида мебошад. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гувоҳи возеҳи кӯшишҳои муштараки мо дар ин самт аст.
Сарвари давлат изҳори нигаронӣ намуданд, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар мавзуи об ҷаҳон ҳанӯз ҳам бо якчанд мушкилоте рӯ ба рӯ мебошад, ки раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устуворро душвор кардаанд.
«Ҳоло миллиардҳо одамон ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд, қариб 4 миллиард нафар ҳар сол ҳадди ақалл як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд. Тамоюлҳои ҷорӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин мушкилиҳо дар оянда ба таври назаррас афзоиш хоҳанд ёфт. Тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл то ба 25 фоиз зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд. Ҳамзамон бо ин, қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини ҷаҳон метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гардад», — изҳори нигаронӣ намуданд Президенти Тоҷикистон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь