Оҷонсии омори Тоҷикистон аз коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар хабар дод. Ба иттилои ин оҷонси, давоми се моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон 6336 ҷиноят сабт шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 дарсад камтар аст.
Имсол куштор ва сӯиқасд ба он 51 дарсад, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 32, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 18, дуздӣ қариб 4 дарсад, қаллобӣ 4,5 ва авбошӣ 3 дарсад кам шудаанд.
Дар се моҳи аввали имсол содиршавии ҷиноятҳои иқтисодӣ низ 3,7 дарсад камтар сабт гардид.
Аммо дар моҳҳои январ-марти имсол ғоратгарӣ 26 дарсад, ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 36 ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳо 1,5 дарсад зиёд шуд.
Мақомоти қудратӣ ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки сабаби кам шудани содиршавии баъзе ҷиноятҳо чист.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь