Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон омодагӣ ба имтиҳонҳои хатм дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назар аст, ки беш 54 ҳазору 200 нафар мактабро хатм мекунад.
Аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки тибқи фармоиши Вазири маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят имтиҳонҳои хатм аз сеюми июни имсол оғоз шуда, то 19 июни соли ҷорӣ идома меёбанд.
Иттилоъ дода шуд,ки дар вилояти Хатлон 1403 мактаб мебошад, ки дар онҳо 939 ҳазору 445 нафар таҳсил мекунанд, ки аз ин хатмкунандагони синфи 11 беш аз 54 ҳазору 200 нафарро ташкил медиҳанд
Блоки рекламавӣ



