Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар ҳудуди вилояти Хатлон дар умум 305 адад ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табии ва техногени дошта ба қайдгирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 118 нафар чони худро аз даст дода 156 нафар чароҳатҳои гуногуни чисмони бардошта маблағи умумии зарари он 29 миллиону 542 ҳазор 816 сомониро ташкил медиҳад.  Дар ин бора Сайдаҳмад Саидов   сардор Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табии дошта 11-адад ба қайд гирифта шудааст, ки тибқи протоколи маҷлиси Комиссияи мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулодда №2 аз 29 майи соли 2026, маблағи умумии зарар ба иқтисодиёти вилоят 27 миллиону 427 ҳазору 216 сомониро ташкил медиҳад, ҳамзамон бар асари ин офатҳо 6 нафар шаҳрвандон чони худро аз даст додаанд.
Холати фавқулодда дар шаҳру ноҳияҳои зери ба амал омадааст: -санаи 1 майи соли 2026 шаҳри Кӯлоб; санаҳои 1-ум ва 2-юми майи соли 2026 ноҳияи Муъминобод; -санаҳои 28-уми апрел то 3-юми майи соли 2026 ноҳияи Ёвон; -санаи 2-юми майи соли 2026 ноҳияи Абдураҳмони Чоми; -санаи 30 апрели соли 2026 ноҳияи Дангара; -санаи 30-апрели соли 2026 ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;
-санаи 1 майи соли 2026 ноҳияи Восеъ;
– санаи 3 майи соли 2026 ноҳияи Панч – санаи 2 майи соли 2026 ноҳияи Шамсиддини Шоҳин; Ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти техногенӣ дошта 294 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки маблаги зарар 2 миллион 115 ҳазору 600 сомониро  ташкил дода, дар натича 111 нафар ба ҳалокат расида, 156 нафар чароҳатҳои гуногун бардоштаанд. (Д доштаанд. (Дар нимсолаи якуми соли 2025, 321 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки маблаги зарар 1 миллиону 441 ҳазору 933 сомониро ташкил дода, дар натиҷа 115 нафар ба ҳалокат расида, 198 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд). а) сухторҳо 117 ҳодиса маблаги умумии зарар 2 миллион 115 ҳазору 600 сомониро ташкил дода, дар натиҷа 8 нафар шаҳрвандон фавтидаанд. б) садамаҳои нақлиёти 177 ҳодиса, дар натича 103 нафар ба ҳалокат расида, 156 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардо ногун бардоштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь