25-уми июни соли ҷорӣ бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон ва бо иштироки ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ дар доираи фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар Кохи дӯстии шаҳри Турсунзода форуми саводнокии молиявӣ ва намоиши маҳсулоти молиявӣ баргузор гардид.
Фестивали мазкур дар асоси «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» роҳандозӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамӣ, огаҳии аҳолӣ оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.
Дар фестивал Филиали №15 Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” фаъолона иштирок намуда, маҳсулоти бонкӣ ва хизматрасониҳои худро ба иштирокдорон муаррифӣ кард.
Ба ҳозирин оид ба маҳсулоти гуногуни бонкӣ, бахусус воситаҳои пардохти ғайринақдӣ, аз ҷумла барномаи мобилии «Амонат-мобайл», кортҳои пардохтӣ, хизматрасонии «Интернет-банкинг», пешниҳодҳои қарзӣ, намудҳои пасандозҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, дар ҷараёни фестивал аз ҷониби кормандони “Амонатбонк” ба меҳмонон ва иштирокдорони чорабинӣ туҳфаҳои брендии Бонк тақдим карда шуда, чорабинӣ дар фазои маърифатӣ ва ҳамкории судманд баргузор гардид.

Фестивали “Саводнокии молиявӣ” дар шаҳри Турсунзода
Блоки рекламавӣ


