Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ду нафар ноболиғ, сокинони ноҳияи мазкурро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Гумонбарон 18-уми майи соли 2026 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии Нуров М.Р., соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардида, аз онҷо 26 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса фирор намудаанд.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Раҳимова Б.С., соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 16-уми майи соли 2026 ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Мирзоева Н.Т., соли таваллудаш 1990, сокини пойтахт даромада, аз онҷо 1-адад ҷевони оҳанин, ки дар дохилаш ҷавоҳироти гуногуни тилло ва нуқра доштааст, дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб зад. Зарари расонидашуда 30 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь