Раҷабов С.А., соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Сино ба ШВКД-1 дар ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намуд, ки 15-уми майи соли 2026, тахминан соати 20:10-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳангоми дар бозори “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон 17-промакс”, ки арзишаш 17 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Бобиев Х.М., соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, ки пеш 3-маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне дуздӣ суд шудааст, боз бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Блоки рекламавӣ



