Шуруъ аз 29 августи соли 2026 ширкати миллии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазами мустақимро ҳафтае як маротиба, рӯзҳои шанбе дар масири Душанбе — Минск — Душанбе бо ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX» оғоз мекунад.

Оғози парвозҳои мустақим дар масири Душанбе — Минск — Душанбе ба таҳкими робитаҳои нақлиёти ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, рафтуомади бемушкилоти шаҳрвандони ду кишвар ва рушди ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва гуманитарӣ мусоидат мекунад.

Мусофирон имкон доранд билетҳои ҳавопайморо дар масири Душанбе — Минск — Душанбе тавассути сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дастрас намоянд.

Оғоз гардидани парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Минск дар ҳолест, ки чанде пеш бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи граждании мамлакат ба парки ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» боз як ҳавопаймои навъи«Boeing 737-8 MAX» ворид гардида, барои боз ҳам зиёд намудани ҷуғрофияи парвозҳо имконоти нав фароҳам оварда шуд. Ворид гардидани ҳавопаймоии нави «Boeing 737-8 MAX» дар партави таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи авиатсияи гражданӣ ва татбиқи сиёсати муосири нақлиёти ҳавоӣ амалӣ гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь