Имрӯз, 1 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» оғоз мегардад.
Дар рӯзи якуми мусобиқа варзишгарон аз рӯи 5 вазн: — 48 кг, — 52 кг, — 57 кг байни занон ва — 60 кг ва — 66 кг байни мардон қувва меозмоянд.
Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 17 ҷудочӣ иштирок менамояд.
Дар байни занон дар вазни -48 кг Аҳлия Муминова, Нушин Ҷумаева ва Марям Назарова, дар вазни -52 кг Суҳайло Сафарзода, Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумаева ва Райҳонаи Розиқзода, дар вазни -57 кг: Раҳмия Ҳанҷарбекова ва Сабина Каримова, дар байни мардон дар вазни -60 кг Икром Шамсов, Лоиқ Қутбиддинов, Меҳрзод Суфиев ва Рамзиддин Азизов, дар вазни -66 кг Эмомалӣ Нуралӣ, Мусанниф Миробов, Обид Ҷебов ва Искандар Муҳамадхоҷазод қувва месанҷанд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.
Дар «Dushanbe Grand Slam- 2026» 240 варзишгар, ки 142 мард ва 98 зан буда, 34 давлати ҷаҳонро намояндагӣ менамоянд, иштирок доранд.

Dushanbe Grand Slam 2026: Рӯзи якуми қувваозмоӣ
Блоки рекламавӣ


