Дуюми май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» идома меёбад.
Дар рӯзи якуми мусобиқа варзишгарони тоҷик ду медал ба даст оварданд. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг медали тилло ва Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кг медали биринҷиро сазовор гардиданд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа варзишгарон аз рӯи 4 вазн: -63 кг, -70 кг байни занон ва -73 кг ва -81 кг байни мардон қувва меозмоянд.
Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 9 ҷудочӣ иштирок менамояд. Дар зӯрозмоии байни занон дар вазни 63 кг Ҷонона Назарова, дар пайкори байни мардон дар вазни -73 кг Муҳиддин Асадуллоев, Бинёмин Назиров, Абдулло Ориф ва Масъуд Аҳмадзод, дар вазни 81 кг Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев, Сунатулло Мусоев ва Бахтиёр Бозоров ба майдон мебароянд..

Dushanbe Grand Slam 2026: Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло гирифт
Блоки рекламавӣ


