Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст, ки ду тифлеро, ки дар Русия бесаробон монда буданд, ба Душанбе фиристодаанд.
Дар баёнияи сафорат омадааст, шаҳрвандони ноболиғи кишварро рӯзи 29-уми апрел ба Тоҷикистон равон карданд.
Интиқоли кӯдакони тоҷики дар Русия бесаробонмонда дар ҳамкорӣ бо вазорати корҳои дохилии Русия сурат гирифт.
Соли гузашта аз ин кишвар, ки мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, шаш тифли тоҷикро, ки аз волидайн, ё парастор маҳрум шудаанд, ба Тоҷикистон фиристода буданд.
Соли 2024 аз Русия ба Тоҷикистон 54 тифли бесаробонмонда интиқол дода шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь