Аз 2 то 8 августи соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни ҳуши маснуӣ— International Olympiad in Artificial Intelligence (IOAI-2026) баргузор гардид, ки дар он хонандагони тоҷик ду нишон ба даст оварданд.
Дар ин олимпиадаи бонуфуз беш аз 500 хонандаи болаёқат аз 106 кишвари дунё иштирок намуда, дар самтҳои муосири зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ, таҳияи моделҳои рақамӣ, ҳалли масъалаҳои алгоритмӣ ва барномасозии роботҳои худмухтор донишу маҳорат санҷиданд.
Олимпиадаи байналмилалии ҳуши маснуӣ яке аз мусобиқаҳои сатҳи баланди илмӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ба ҳисоб рафта, таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг — ЮНЕСКО баргузор гардид.
Аз Тоҷикистон дар ин олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ чор хонандаи болаёқат, аз ҷумла, хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии ба номи Абдуфаттоҳ Ҳотамов Синан Кандиков, хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии ба номи Абдуфаттоҳ Ҳотамов Диловар Икромов, хонандаи синфи 10-уми Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарангис Ҳаётова ва хатмкардаи Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродҷон Хайраков намояндагӣ карданд.



