Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт. Дар ин бора рӯзи 23 май фармони президент Эмомалӣ Раҳмон содир шуд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамзамон фонди ин ҷоизаи байналмилалӣ ташкил мешавад. Маблағи ин ҷоиза эълон нашудааст.
Дар шарҳи фармони президент Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки ин ҷоиза ба ҳадафи арҷгузорӣ ба саҳми Абуалӣ ибни Сино дар тибби ҷаҳонӣ, таъсис ёфт. Ин ҷоиза ба афроде дода мешавад, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь