Дар вилояти Хатлон беҳтар намудани инфрасохтори роҳ ба рушди фаъолияти нақлиётӣ ва афзоиши ҳаҷми бору мусофиркашонӣ мусоидат кардааст.
Дар шаш моҳи соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1301 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 107 адад пулу қубурҳо бо маблағи умумии 159,6 миллион сомонӣ таъмир гардиданд. Ҳаҷми корҳои таъмиру барқарорсозӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳамин давра ҳаҷми боркашонӣ дар вилоят ба 26,1 миллион тонна расида, нисбат ба шаш моҳи соли 2025 2,6 миллион тонна афзоиш ёфтааст. Мусофиркашонӣ низ зиёд шуда, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 100,4 миллион нафар мусофир ба роҳ бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6 миллион нафар бештар мебошад.
Ба гуфтаи коршиносон, беҳтар шудани ҳолати роҳҳо барои ҳаракати мунтазаму бехатари воситаҳои нақлиёт, интиқоли саривақтии молу маҳсулот ва осон гардидани рафтуомади сокинон замина фароҳам меорад.
Ҳамин тавр, таъмиру барқарорсозии роҳҳо на танҳо ҳаракати нақлиётро осон мекунад, балки метавонад ба рушди иқтисодӣ, фаъол шудани гардиши молу маҳсулот ва афзоиши хизматрасониҳои нақлиётӣ низ таъсири мусбат расонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь