Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи якуми май дар бораи ҳаҷми осеби расида аз боришоти зиёди рӯзи 30 апрел дар саросари ҷумҳурӣ гузориш дод.Аз ҷумла гуфт, ки таҳхонаи ду бемористон дар саросари кишвар пури об шуд. Ҳанӯз хисороти молии офати табиӣ ҳисоб нашудааст, вале гурӯҳҳои наҷотбахш ва мақомоти масъул барои рафъи ин оқибатҳо сафарбар шудаанд.
Таҳхонаи таваллудхонаи шаҳрии № 1 ва Беморхонаи ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Душанбе аз об пур шуда. Дар шаҳри Душанбе хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Н. Махсум, зери купруки кӯчаи Шамсӣ дар ҳудуди тарабхонаи «Арбат», кӯчаи Зафар, хонаи № 11, инчунин манзилҳо дар ҳудуди Маркази саломатии шаҳрии № 14 зери об монданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь