19 майи соли 2026 ба корҳои сохтмонии ду бинои 12 ошиёнаи хобгоҳҳои устодони Донишгоҳи давлатии Данғара, ки 23 октябри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ба онҳо санги асос гузошта буданд, оғоз бахшида шуд.
Иншооти мазкур дар кӯчаи Исмат Шарифови ҷамоати шаҳраки Данғара ҷойгир буда, он аз ду бинои 12 ошиёна, дар ҳар як ошиёна ду хонаи иборат аз 1 ҳуҷрагӣ дар масоҳати 52,80 м.м. дар умум 48 хона ва ду хонаи ду ҳуҷрагӣ дар масоҳатӣ 67,84 м.м. дар умум 48 хона, ки барои таъмини 96 оилаи устодон бо хонаҳои хизматӣ пешбинӣ гардидааст.
Сохтмони хобгоҳҳо аз ҳисоби суратҳисоби махсуси Донишгоҳи давлатии Данғара маблағгузорӣ гардида, мӯҳлати анҷоми корҳои сохтмони дар иншооти мазкур 3 солро дар бар мегирад.
Иқдоми мазкур дар пайи амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию маишии устодони Донишгоҳ роҳандозӣ гардидааст.

Данғара: Барои oмӯзгорони донишгоҳ хона месозанд
Блоки рекламавӣ


