Дар натиҷаи чаппа шудани кӯҳпораи азим дар Шугнови ноҳияи Ховалинг, чаҳор нафар ба ҳалокат расидааст. Фавтидагон ба коркарди тило машғул буданд. Ҳодиса рӯзи 23-юми май рух дод.
Ду манбаи огоҳ аз ноҳияи Ховалинг гуфтаанд, ки се нафар аз фавтидагон сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва як нафар аз шаҳри Бохтар будаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади се нафарро дирӯз ва ҷасади як тани дигарро ин субҳ аз зери сангрезаҳо пайдо карда, барои ташхис ба маркази ноҳияи Ховалинг фиристоданд.
Тилоҷӯён чуқурӣ мекофтанд. Ҳангоми кор сангу шағал ба болояшон чаппа мешавад ва дар зери он мемонанд. Ҷасадҳоро як рӯз кофтанд ва пайдо намуданд. Чорум ҷасадро субҳи имрӯз ёфтанд ва гуфтанд, ки ташхис карда, баъдан ба хонаводаашон месупоранд- гуфтаанд огоҳони ҳол.
Блоки рекламавӣ



