Абдуллоҳ Зарифзода, маъруф ба Идибеки Бохтарӣ барои таҳқири ҳамсӯҳбатон бо қарори додгоҳ ба панҷ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ду блогерро барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва дашному ҳақорати ҳамсӯҳбатон боздошт кардаанд.
Раёсати корҳои дохилии Хатлон дар хабарномае навишт, Абдуллоҳ Зарифзода, маъруф ба Идибеки Бохтарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пахши мустақим “мунтазам аз алфози қабеҳ, суханони таҳқиромез ва ибораҳои хилофи одобу ахлоқи ҷамъиятӣ истифода намуда, шаъну шарафи дигар шаҳрвандонро паст задааст”.
Идибеки Бохтарӣ соли 2025 бо гуноҳи “истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият” ба як сол зиндон маҳкум шуда буд.
Ҳамчунин рӯзи 4-уми июн пулиси Душанбе Рустам Ашӯров, блогери дигарро дастгир кард.
Дар хабарномаи Раёсати корҳои дохилии Душанбе омадааст, ин блогер “тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ навореро нашр намудааст, ки дар он амалҳои тарғибкунандаи талбандагӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба асъори миллӣ инъикос ёфтаанд”.
Додгоҳ Рустам Ашӯровро ба 10 шабонарӯз ҳабс маҳкум кард.
Рустам Ашӯров соли 2019 ҳамроҳ бо се блогери дигар баъди пахши навор дар бораи занҳои “танфурӯш” боздошт шуда, баъдан афв шуда буд.

Боздошту ҳабси ду блогер
Блоки рекламавӣ


