Дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон, аз ҷониби раиси шаҳри Бохтар ба чанд нафар шахсони дорои маъюбият аробачаҳои маъюбӣ ва дигар кумакҳо расонида шуд.
Бояд гуфт, ки дастгирии маъюбон яке аз беҳтарин хислатҳои инсонист, зеро он аз меҳрубонӣ, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба қадру қимати инсон шаҳодат медиҳад. Ҷомеае, ки нисбат ба шахсони дорои маъюбият ғамхор аст, ҷомеаи солим ва пешрафта ба ҳисоб меравад. Биёед ҳамеша бо сухани нек, эҳтиром ва дасти ёрӣ ба онҳо кумак расонем, то онҳо худро узви баробарҳуқуқ ва арзишманди ҷомеа эҳсос намоянд.
Блоки рекламавӣ



