18-уми майи соли 2026, ронандаи автомашинаи барқии тамғаи “Айон С+” Муродмаҳмадов Беҳрӯз Бахтиёрович соли таваллудаш 2007, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қурбонов Фаррух Рустамович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Бохтарро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард Қурбонов Фаррух ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса тадқиқот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



