Дирӯз дар шаҳри Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. 

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров бо мақсади таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ байни ду давлати бародар доир мегардад.
Зимни маросим иброз гардид, ки халқҳои тоҷик ва қирғизро давоми асрҳо муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, наздикии маънавӣ ва ҳамкории чандинсолаи фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд. Фарҳанг ҳамчун омили муҳимтарини таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод байни халқҳо баромад намуда, баргузории Рӯзҳои фарҳанг ба рушди минбаъдаи ҳамкории гуманитарии байни ду давлат мусоидат мекунад.
Таваҷҷуҳи махсус ба аҳамияти муколамаи фарҳангӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ ва арзишҳои маънавӣ, инчунин тарбияи насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба таърих ва мероси фарҳангии муштарак зоҳир карда шуд. Лоиҳаҳои муштараки фарҳангӣ, фестивалҳо, намоишгоҳҳо, барномаҳои театрӣ, Рӯзҳои кино ва мулоқотҳои аҳли адабу санъат дар таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ ва байнифарҳангӣ нақши муҳим доранд.
Дар доираи маросим ҳунармандон ва дастаҳои эҷодии Тоҷикистон барномаи рангини консертӣ пешниҳод намуданд. Он иҷрои сурудҳои мардумӣ ва эстрадӣ, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои театриро, ки мероси ғании фарҳангии халқи тоҷикро таҷассум менамоянд, дар бар гирифт.
Таъкид гардид, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар таҳкими минбаъдаи фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни ду давлати бародар саҳми муҳим мегузорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь