Ғуломова Г.Б., соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷинояти авбошӣ гумонбар дониста мешавад.
Номбурда аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ дастгир карда шуд.
Зимни тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки Ғуломова Г.Б. 30-юми майи соли 2026, тахминан соати 18:10, дар кӯчаи А. Қаҳҳоров бо ҳамсояаш Қодирова М.Н., соли таваллудаш 2001, муноқиша намудааст. Бо истифода аз корд як маротиба ба қисмати дасти ҳамсояаш зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь