Ҳоло дар Тоҷикистон 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ карда мешавад, ки барои рушди иқтисоди миллӣ ва пешбурди соҳаҳои калидӣ заминаи устувор мегузорад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 апрел дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.
Гуфта шуд, ки аз рӯйи таҳлилҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ҳанӯз ба талаботи мавҷуда пурра ҷавобгӯ нест. Бино ба таъкиди Роҳбари давлат, қафомонӣ, пеш аз ҳама, дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди инфрасохтори энергетикӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин баъзе иншооти соҳаи маориф ба мушоҳида мерасад, ки ин натиҷаи бевоситаи сустии идоракунӣ ва назорати нокифоя мебошад.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат ба сохторҳои масъул супориш доданд, ки татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро таъмин намоянд ва иҷрои нақшаҳои молиявиро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамчунин камбудиҳои ҷойдоштаро фавран бартараф намуда, ба ҳолатҳои кашолкорӣ ва истифодаи ғайрисамараноки маблағҳо роҳ надиҳанд. Дастури дигар вобаста ба тақвият додани ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ва истифодаи самараноки онҳо дода шуд. Ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ яке аз омилҳои калидии рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва ворид намудани технологияҳои муосир арзёбӣ гардид.
Дар робита ба камбудиҳои ҷиддӣ супориш дода шуд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ сабабҳои коҳиши ҷалби сармояи мустақими хориҷиро ҳамаҷониба таҳлил намуда, дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳои мушаххасро пешниҳод ва иҷрои минбаъдаи онро таъмин намояд.
Дигар сохторҳо уҳдадор шуданд, ки фаъолияти худро дар самти ҷалби сармоя ва муаррифии имконияти иқтисодии кишвар ба таври куллӣ тақвият бахшида, барои ҷалби ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ба лоиҳаҳои афзалиятнок тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳаштоду ҳафт лоиҳа ба маблағи 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ мешавад
Блоки рекламавӣ


